Март 03, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Хатари сарозер шудани тарма дар масирҳои кӯҳистонии Қирғизистон

Хатари сарозер шудани тарма дар масирҳои кӯҳистонии Қирғизистон вуҷуд дорад.

Ба нақл аз ТоҷикТа, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи сешанбе ихтори вазиши боди шадид ва тӯфонро эълом кард.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон гузориш дод, ки ба далели борандагиҳои мавриди интизор ва ҳамчунин афзоиши дамои ҳаво аз 3 то 4 марти 2020 дар минтақаҳои кӯҳистонӣ, дар ҷоддаҳои Бишкек-Ош километри 121 то 138, Ала-Бел, гулӯгоҳи Чечкан километри 198 то 265, Мирзаке-Кара-Кулжа-Алайкуу километри 45 то 115, Ала-Бука-Каниш-Кия километри 68-99, Красная Горка- Ак-Таш километри 1-4, Каракол-Эңилчек 64-90 эҳтимоли резиши тарма вуҷуд дорад.

Ба ронандагон ҳам тавсия шуда дар ҷоддаҳо ва дар минтақаҳои хатарноке, ки эҳтимоли сарозер шудани тарма вуҷуд дорад фосилаи байни васоити нақлиётро риоят кунед.