Март 05, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Рутбабандии кишварҳои ҷаҳон аз назари доштани озодии баён

Тоҷикистону Туркманистон дар байни "бадтарин кишварҳои ҷаҳон" аз назари озодии баён қарор гирифтанд.

Ба гузориши “АКИ пресс”, бар асоси назарсанҷии “Хонаи озодӣ” (Freedom House), Тоҷикистон аз 100 имтиёз ва шохиси ин муассиса фақат тавонист 9 имтиёз касб кунад. Бар ин асос дар Тоҷикистон ҳуқуқи сиёсӣ, озодиҳои маданӣ ва мазҳабӣ бояд бештар аз гузашта шавад, то гурӯҳҳои сиёсии нозир ҳам битавонанд фаъолияти худро идома диҳанд.  Ҳамчунин манобеи сарват низ бояд одилонатар дар кишвар тавзеъ шавад. Тибқи ин назарсанҷӣ, дар Туркманистон низ ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои мадании тақрибан ба таври комил аз мардум салб шуда, интихобот ба шиддат контрол мешавад ва барандагони интихобот тақрибан аз ҳаводорони раисҷумҳур ҳастанд. “Хонаи озодӣ” гуфт, ки иқтисод зери султаи давлат аст ва гурӯҳҳои мазҳабию сиёсӣ озодии комил надоранд.

Аз 49 кишваре, ки дар ин назарсанҷӣ озод муаррифӣ нашуданд, Сурия (0), Эритрея (2), Судони Ҷанубӣ (2), Туркманистон (2), Кореяи Шимолӣ (3), Гвинеяи Экваторӣ (6), Арабистони Саудӣ (7), Сомалӣ (7), Либия (9) ва Тоҷикистон бо 9 имтиёз бадтарин кишварҳо аз назари доштани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ ҳастанд.

Қирғизистон бо 39 имтиёз ба унвони кишвари то ҳудуде озод дар ин рутбабандӣ қарор гирифтааст.