Октябр 01, 2016 13:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи фаъолияти ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Муовини вазири умури хориҷии Русия дар бораи фаъолият ва таҳаррукоти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории "Россия сегодня",  Олег Сермолотов, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ҳадафи гурӯҳи террористии ДИИШ ишғол кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тасаллут бар Қафқоз буда, ин гурӯҳи террористӣ дар ин замина барномарезӣ мекунад. Ӯ афзуд, иттилоот нишон медиҳад, 60 дарсади террористҳои ДИИШ шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Қафқоз ҳастанд, ба ҳамин далел ДИИШ мехоҳад ба ин манотиқ пешравӣ кунад. Муовини вазири умури хориҷии Русия таъкид кардааст, ДИИШ барои расидан ба ин ҳадаф ба дунболи ҷалби аъзои гурӯҳи Толибон аст.

Дар ду соли ахир беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДИИШ пайвастаанд, ки тақрибан 300 нафари онон кушта шудаанд. Ҳамчунин додситони кулли Тоҷикистон 400 парванда дар иртибот ба афроде боз кардааст, ки дар даргириҳои Ховари Миёна ширкат доранд.

Расонаҳои Қазоқистону Қирғизистон низ пештар иттилооте дар бораи ҳузури эҳтимолии садҳо шаҳрванди кишварҳояшон дар гурӯҳи террористи ДИИШ мунташир карда буданд.