Март 09, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон узви нозири Иттҳодияи иқтисодии АвруОсиё мешавад

Давлати Узбакистон эълом кард, ки ин кишвар пеш аз тасмимгирӣ дар бораи узвияти комил дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё узви нозири ин иттиҳодия хоҳад шуд.

Ба нақл аз ИРНО, давлати Узбакистон эълом кард, дархости узвияти нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро дар лоиҳае тақдими Маҷлиси намояндагони ин кишвар хоҳад кард.

Тошканд дар давлати Ислом Каримов, раисиҷумҳури фақиди ин кишвар тамоюле ба узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нишон намедод, аммо дар пайи ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар нишонаҳое аз тамоюли ин кишвар ба узвият дар ин инттиҳодияи минтақаӣ зоҳир шудааст.

Узбакистон бо 34 миллион ҷамъият метавонад ба таври билқувва ба дуввумин бозори масрафии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пас аз Русия табдил шавад.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки соли 2015 бо ҳамкории Русия ва муттаҳидони он шомили Беларус ва Қазоқистон таъсис шуд ҳаминак кишварҳои Арманистон ва Қирғизистонро низ дар узвияти худ дорад.

Молдова аз дигар аъзои Иттиҳоди шуравии собиқ низ узви нозири ин созмон аст.