Март 09, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  •  Узбакистон узви нозири Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё мешавад

Давлати Узбакистон эълом кард, ки ин кишвар пеш аз тасмимгирӣ дар бораи узвияти комил дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, узви нозири ин иттиҳодия хоҳад шуд.

Ба гузориши Форс, давлати Узбакистон эълом кард, тасмим гирифта дархости узвияти нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро бидиҳад ва лоиҳае ба ҳамин манзур тақдими маҷлиси намояндагон хоҳад кард.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки дар соли 2015 тавассути Русия ва муттаҳидони он шомили Беларус ва Қазоқистон таъсис шуд ҳаминак кишварҳои Арманистон ва Қирғизистонро низ дар узвиятм худ дорад. Молдова аз дигар аъзои Иттиҳоди Шӯравии собиқ низ узви нозири ин созмон аст.

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар садади тазмини ҷараёни озоди коло ва сармоя дар даруни марзҳои кишварҳои узв аст, ҳарчанд бархе аъзо аз ворид шудан истиснооти зиёд дар роҳи тиҷорати озод интиқод кардаанд. Мирзиёев сиёсатҳои инзивогароёнаи Каримовро поён дода ва дар садади тақвияти сармоягузории хориҷӣ буда ва равобити Узбакистон ва Русия низ дар давлати Мирзиёев рӯ ба гармӣ ниҳодааст. Узбакистон бо 34 миллион нафар ҷамъият метавонад ба таври билоқувва ба дувумин бозори масрафии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пас аз Русия табдил шавад.

Мирзиёев дар як суханронӣ дар маҷлиси Сенати Узбакистон бо ибрози нигаронӣ аз инки тавлидкунандагони Узбакистон мумкин аст барои дастрасӣ ба бозорҳои содироти суннатии худ бо мушкил рӯ ба рӯ шаванд, пешниҳоди пайвастани Узбакистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - блоки тиҷории минтақаӣ таҳти контроли Русияро матраҳ кард. Вай хотирнишон кард, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомили Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус, 70 дарсад аз тиҷорати хориҷии Узбакистонро ба худ ихтисос медиҳанд.

Мирзиёев ибрози нигаронӣ кард, ки бо тасвиби меъёрҳои муштараки бозорёбӣ ин иттиҳодия, колоҳои Узбакистон мумкин аст бо маҳдудият ва табъиз рӯ ба рӯ шаванд. Вай дар айни ҳол ҳушдор дод, ки пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бидуни омодагии лозим низ мумкин аст паёмадҳои шадиде дошта бошад.