Муқобилаи Қазоқистон бо тағйироти қиммати нафт
(last modified 2020-03-09T13:04:15+00:00 )
Март 09, 2020 18:04 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи Қазоқистон бо тағйироти қиммати нафт

Қазоқистон бо коҳиши ҳазинаҳо ба муқобила бо тағйироти қиммати нафт меравад.

Қазоқистон дар пайи шикасти музокироти тавлидкунандагон дар Вена ва коҳиши қиммати нафт барои муқобила бо коҳиши қиммат ва даромадҳои нафтӣ, қасд дорад бо тадобире ҳазинаҳоро коҳиш диҳад.

Ба гузориши Форс, Нурлан Ногаев, вазири нафти Қазоқистон гуфт, мо баҳои нафтро дар буҷа байни 50 то 55 доллар таъйин кардаем ва агар қиммати нафт ба 40 доллар ва поинтар бирасад, мо барномае барои беҳинасозии ҳазинаҳо дорем ва ҳамин ҳоло дар ҳоли кор рӯи ин барнома ҳастем.

Вазири нафти Қазоқистон баргузории ҷаласаи дигари созмони ОПЕК ва соири тавлидкунандагони нафт то поёни моҳи мартро мунтафӣ надонист.

Тавлиди нафт ва маҳсулоти газии Қазоқистон соли гузашта (2019) бо 100 ҳазор бушка нисбат ба соли пеш аз он ба 90 миллиону 500 ҳазор тон расид.

Пас аз онки Русия пешниҳоди ОПЕК барои коҳиши тавлидро рад кард ва ОПЕК дар посух маҳдудиятҳои тавлиди худро бардошт, қиммати нафт рӯзи ҷумъа бо шадидтарин коҳиши худ дар муддати 11 сол ахир рӯ ба рӯ шуд.

Қиммати нафти хоми brent дар муомилоти ояндаи рӯзи ҷумъа бо бештарин коҳиш аз декабри 2008 то кунун бо 4 доллару 72 сент муодили 9.4 дарсад коҳиш ба ҳар бушка 45 доллару 27 сент расид.