Март 15, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти фавқулодда аз бомдоди душанбе дар Қазоқистон

Раисҷумҳури Қазоқистон рӯзи якшанбе бо ҳадафи коҳиши хурӯҷи коронавирус дар ин кишвар, барои як моҳ вазъияти фавқулодда эълом кард. То кунун 8 мавриди олудашавӣ ба коронавирус дар Қазоқистон тасдиқ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса аз Нурсултон, бо ҳукми Қосим-Жомарт Тоқаев вазъияти фавқулодда аз соати 8:00-и бомдод ба вақти маҳаллӣ то рӯзи 15 апрел иҷроӣ хоҳад шуд.

Тибқи ин ҳукм, вазъияти фавқулодда, ба маънои таътилии марказҳои тиҷорӣ, толорҳои театр, намоишгоҳ ва дигар марказҳо бо таҷаммӯи ҷамъиятии болост. Дидорҳои варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои густурда ва ёдбудҳо ҳам дар Қазоқистон лағв хоҳад шуд.

Вазъияти фавқулодда ҳамчунин маҳдудиятҳоеро дар мавриди вуруд ва хурӯҷ аз хоки Қазоқистон эҷод мекунад.

 Рӯзи панҷшанбе мақомоти Қазоқистон аз таътилии мадорис, синамоҳо, донишгоҳҳо ва ҳамчунин лағви ҳамаи рӯйдодҳои умумӣ,бавижа ҷашнҳои наврӯз ва паради низомии нуҳӯми моҳи май хабар доданд.

Қазоқистон 18 миллион нафар ҷамъият ва хатти марзии тӯлонӣ бо Русия ва Чин дорад. Нахустин мавриди олудагӣ ба коронавирус дар Қазоқистон ин ҳафта тасдиқ шуд.

 

 

Барчасп