Март 16, 2020 10:34 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси қазоқ: шуюи коронавирус ҷойгоҳи ҳиҷоби исломиро тақвият хоҳад кард

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон муътақид аст шуюи коронавирус аҳамияти ҳиҷоби исломии бонувони мусулмонро ба ҷомеаҳои башарӣ нишон хоҳад дод.

Ба нақл аз сомонаи Осиёи Марказӣ, Назира Нуртозина мегӯяд, ки дар пайи густариши сареи коронавирус ин падида муҷиби эҳёи ҷойгоҳи ҳиҷоби исломии бонувони мусулмон хоҳад шуд, ки дар канори ҷанбаҳои шаръии он аз паҳлӯҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ низ бархурдор аст.

Ин устоди донишгоҳ бо ишора ба тавсияҳои беҳдоштӣ ва пизишкон дар мавриди эҳтимоли олӯда шудан ба коронавирус дар таҷаммуот, маконҳои умумӣ, марказҳои тиҷорӣ ва василаҳои нақлия афзуд, ҳиҷоби исломӣ ба занони мусулмон имкон медиҳад аз пушиши хеш ба унвони сипаре дар баробари коронавирус истифода кунанд.

Нуртозина гуфт, мақомоти бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳонаи бегона хондани пушиши исломӣ ва бо фаромуш кардани ин нукта, ки дар гузашта модарбузургҳо ва модарони онон дорои ҳиҷоби исломӣ буданд бо ин фаризаи шаръӣ ҷанг эълом кардаанд акнун бояд ин нуктаро дарк кунанд.