Муҷозоти як зани мутахаллифи мубтало ба корона дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51838-Муҷозоти_як_зани_мутахаллифи_мубтало_ба_корона_дар_Қазоқистон
Дар Қазоқистон як зани мубтало ба корона ба хотири имтиноъ аз эъломи асомии афроде, ки бо онҳо тамос дошта, муҷозот шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2020 16:26 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти як зани мутахаллифи мубтало ба корона дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон як зани мубтало ба корона ба хотири имтиноъ аз эъломи асомии афроде, ки бо онҳо тамос дошта, муҷозот шуд.

Ба гузориши Форс, бинобар гузориши пулиси шаҳри Алмаато, ин зани гирифтори вируси корона аз эъломи асомии афроде, ки бо онҳо тамос дошта имтиноъ ва аз ин тариқ дар фаъолияти хадамоти беҳдоштии ин кишвар ихтилол эҷод кардааст.

Дар ин росто, вай тибқи модаи 304 қонуни кайфарии Қазоқистон, яъне нақзи қавонин ё стандартҳои беҳдоштӣ, ки дар натиҷаи саҳлангорӣ мунҷар ба густариши беморӣ дар миёни мардум шуда, муҷозот шудааст.

Пулиси шаҳри Алмаато бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд сокинонро даъват ба дарки дурусти иқдомоти мақомот ва ироаи кумакҳои ҳаддиаксарӣ бо маъмурони муртабит барои шиносоӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар ин кишвар кард.

Бинобар суҳбатҳои Даёс Аҳмадшариф, намояндаи расмии вазорати беҳдошти Қазоқистон ахиран дар шаҳри Алмаато як мавриди дигари ибтило ба вируси корона таъйид шуда, ки як духтари 12 сола аст.

Аҳмадшариф гуфт, ин духтар мутаваллиди соли 2008 аз Олмон вориди Алмаатои Қазоқистон шудааст.

Бояд гуфт, ки бо дастури раисиҷумҳури Қазоқистон ба далели ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар ин кишвар вазъият изтирорӣ эълом шуда, ки то 15 апрел идома хоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ дар саросари Қазоқистон 9 мавриди ибтило ба вируси корона шиносоӣ шуда, ки 7 нафар аз онҳо дар шаҳри Алмаато ва 2 нафари дигар дар Нур-Султон карантин ва таҳти муроқибати пизишкӣ қарор доранд.