Тазоҳурот дар Қазоқистон: Қавонин саҳлтар муҷозот сахттар
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51840-Тазоҳурот_дар_Қазоқистон_Қавонин_саҳлтар_муҷозот_сахттар
Дар ҳоле, ки ибтикороти марбут ба ислоҳи завобити баргузории тазоҳурот дар Қазоқистон танҳо каме қавонини марбут ба онро нармтар мекунад, аммо ҷарима барои нақзи онҳо сахттар мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар Қазоқистон: Қавонин саҳлтар муҷозот сахттар

Дар ҳоле, ки ибтикороти марбут ба ислоҳи завобити баргузории тазоҳурот дар Қазоқистон танҳо каме қавонини марбут ба онро нармтар мекунад, аммо ҷарима барои нақзи онҳо сахттар мешавад.

Ба гузориши Форс, дар ҳоле, ки ибтикороти марбут ба ислоҳи завобити баргузории тазоҳурот дар Қазоқистон танҳо каме қавонини марбут ба онро нармтар мекунад, аммо ҷарима барои нақзи онҳо сахттар мешавад.

Маҳдудиятҳои қонунӣ барои даъват ҷиҳати баргузории тазоҳуроти ғайри муҷоз, ҳатто эътирозоти кӯчак, ҳабсро дар пай дорад.

Замоне, ки Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар моҳи июни соли гузашта ба унвони раисиҷумҳур интихоб шуд, дар қалби мардум умеде нисбат ба тағйирот, ба вуҷуд омад.

Бо ин ҳол, ғайри шаффоф будани раванди қонунӣ шудани раёсатҷумҳурии Тоқаев ва тасмим дар заминаи тағйири номи пойтахти ин кишвар ба «Нур Султон» ба ифтихори раисиҷумҳури пешин мунҷар ба бархе эътирозоти хиёбонӣ дар ин кишвар шуд.

Дар ҳамин росто Тоқаев қавл дод, қавонин ва завобит барпоии тазоҳуротро бозбинӣ кунад.

Баъд  аз тақрибан 8 моҳ, қазоқҳо пешнависи ҷадиди қонуни тазоҳуротро мушоҳида карданд, ки норизоятии фаъолони мадании ин кишварро дар бар дошт, зеро пешнависи қонуни ҷадид дар воқеъ маҳдудиятҳои бештареро эъмол мекунад.

Бинобар гуфтаи фаъолони мадании қазоқ, мақомоти ин кишвар талош доранд, тағйирот ва ислоҳотеро дар ин қонун ворид кунанд, ки сахтгиронатар аст.

Тибқи қавонини ҷадиди пешниҳод шуда, агар теъдоди ширкаткунандагон дар тазоҳурот беш аз ҳадди тавофуқ шуда бошад, бояд ин эътирозот мутаваққиф шавад.

Тибқи қавонини феълӣ, дар ҳоли ҳозир мутахаллифонро 140 доллар ҷарима ё 15 рӯз зиндонӣ мекунанд, аммо дар пешнависи қонуни ҷадид маблағи ҷарима то 700 доллар ва муддати ҳабс то 20 рӯз афзоиш ёфтааст.