Таътилии тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳри Тошканд дар пайи шуюи коронавирус
(last modified Tue, 24 Mar 2020 08:39:30 GMT )
Март 24, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Таътилии тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳри Тошканд дар пайи шуюи коронавирус

Тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон ба ғайр аз фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ дар пайи шуюи коронавирус аз имрӯз 24 март таътил мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мақомоти шаҳрдории Тошканд эълом карданд: Тамоми бозор ва фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, худравҳо, бозорҳои колоҳои дасти дуввум ва тамоми муҷтамаъҳои тиҷоратӣ аз 24 март ба таври муваққат фаъолияти худро мутаваққиф мекунанд. Аммо фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ, бемористонҳо ва дорухонаҳо фаолияти худро идома хоҳанд дод.  

Мақомоти шаҳрдории Тошканд таъкид карданд, ки дар сурати поймолсозии муқаррароти карантин бо мутахаллифин бархурд хоҳад шуд.  

Вазорати нақлиёти Узбакистон ва Комиссиони вижаи раёсатҷумҳурӣ унвон карданд дар ин замина ҳамчунин аз 24 март  убури васоили нақлиёт байни манотиқи Узбакистон мамнӯъ аст.  

Аз имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Тошканд тараддуди васоили нақлиёт аз ҷумла метро, автобус ва таксиҳои хаттӣ ба таври муваққат мутаваққиф шудааст. 

То кунун Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз мубталоёни коронавирус иқдомоти хоссе низ анҷом додааст.