Март 28, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Идомаи фаолиятҳои тахрибии ДИИШ дар Қазоқистон

Вуҷуди коронавирус дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Қазоқистон ва эътирозҳои мардумӣ дар ин кишвар, заминаҳои афзоиши фаолиятҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Осиёи Марказиро фароҳам кардааст.

Дар ин иртибот, мақомҳои Қазоқистон аз хунсосозии тавтеаи авомили муртабит бо гурӯҳи террористии ДИИШ барои бомбгузорӣ дар Нурсултон, пойтахти ин кишвар хабар доданд. Мақомҳои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи ҷумъа  27 март эълом карданд: Яке аз аносури гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар пойтахти ин кишвар ба иттиҳоми барномарезӣ барои бомбгузорӣ дастгир кардаанд.  

Қазоқистон ба унвони васеътарин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ, яке аз омодатарин ҷумҳуриҳои ин минтақа барои фаолияти ҷараёнҳои террористӣ маҳсуб мешавад. Дар пайи шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, мушаххас шудааст, ки Қазоқистон бештарин теъдоди афроди фиребхурда дар Осиёи Марказӣ барои ҳамкорӣ бо ҷараёни такфирӣ- террористии ДИИШ-ро ба худ ихтисос дода буд. Густариши бесобиқаи фақр, бекорӣ, таварруми афсоргусехта ва хориҷ аз тавони мардуми Қазоқистон ва мушкилоти маишатии чашмгири мардуми ин кишвар муҷиб шудааст, ки шумори зиёде аз шаҳрвандони Қазоқистон ба манзури касби даромад ва таъмини ниёзҳои хонаводаҳояшон ба Русия ва Украина муҳоҷират кунанд. Ба далели бофти мазҳабӣ шуморе аз афроди фиребхурдаи қаззоқ низ ба ҷараёнҳои террористӣ мулҳақ шудаанд. Коршиносон, фирқаҳои салафиро заминасози шаклгирии ифротгароӣ дар Қазоқистон арзёбӣ мекунанд. Дар ҳамин иртибот Аскар Сабидин, коршиноси сиёсии қазоқ муътақид аст: Давлат бояд фаолияти фирқаҳои салафӣ ва густариши идеаи ононро дар Қазоқистон мамнуъ кунад. Ба вижа, ки дар Қазоқистон садҳо тан ба иттиҳоми иқдомоти террористӣ маҳбус ҳастанд, ки бештари онҳо аз пайравони фирқаи салафия мебошанд. 

Ба гуфтаи масъулони амниятии Қазоқистон, садҳо шаҳрванди ин кишвар замоне, ки гурӯҳи террористии ДИИШ манотиқеро дар Сурия ва Ироқ ишғол карда буд, ба ин гурӯҳи террористӣ пайваста буданд. Бар асоси гузоришҳо, бисёре аз ин афрод акнун ба Қазоқистон бозгаштаанд, аммо бидуни ин ки барои ин даста аз афроди фиребхурда омӯзиши саҳеҳ ва ислоҳоти динӣ дар дастури кор қарор бигирад  ба ҳоли худ раҳо шудаанд. 

Ба ҳар ҳол дар шароити ҷорӣ бояд гуфт пурранг шудани нақши гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қазоқистон ҳокӣ аз он аст, ки ин гурӯҳи террористӣ ва ҳомиёни аслиаш яъне Амрико ва бархе аз давлатҳои муртаҷаи араби ҳошияи Халиҷи Форс ба раҳбарии Арабистони саудӣ, роҳбурди калонеро бо ҳадафи ноамнсозии ҳар чи бештари марзҳои шимолии ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин муҳити амниятии Русия дар пеш гирифтаанд. Роҳбурде, ки решаҳои он ба солҳои дур боз ме­гардад. Воқеият он аст, ки асосан ҷараёнҳои террористӣ дар муҳитҳои буҳронзо эҷод мешаванд. Ҷараёнҳои такфирӣ-террористӣ маъмулан аз муаллифаҳое чун бесуботии сиёсӣ, халаъҳои амниятӣ ва бофтҳои иҷтимоии шикананда дар ҷомеаи мавриди назар фурсати рушд пайдо мекунанд. Ба илова ин ҷараёнҳо агар ҳомиёне низ дошта бошанд, ки аз буъди иқтисодӣ монанди молӣ ва таслиҳотӣ онҳоро таъмин кунанд, ба суръат доманаи нуфуз ва қудрати худро дар минтақаҳои гуногун густариш хоҳанд дод. Бадеҳӣ аст, ки Қазоқистон аз тамомии ин шароит бархурдор аст. 

Бо вуҷуди ин  бояд гуфт аз ҷамъияти наздик ба бист миллион нафарии Қазоқистон, ҳудуди 70 дарсад мусулмон ҳастанд. Ба далел нигаронӣ аз афзоиши хатароти бархоста аз гурӯҳҳои ифротгаро, давлати Қазоқистон аз соли 2011 тадбирҳоеро бо ҳадафи пешгирӣ аз ин таҳдидҳо аз тариқи тадвин ва тасвиби қавонин гирифтааст. Аз ҷумлаи ин тадобир ғайриқонунӣ эълом кардани ҷараёни мавсум ба Ҷундулхалифа буд. Ҷундулхалифа ё Сипоҳи халифа дар асл тавассути афроде аз нажоди қазоқ, ки дар Афғонистон сокин буданд, эҷод шуд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин гурӯҳ бо Ал-Қоида дар иртибот буд. 

Ба ҳар ҳол бояд гуфт хунсосозии як маврид бомбгузорӣ дар пойтахти Қазоқистонро бояд ҳушдор ба мақомҳои Нурсултон арзёбӣ кард. Дар воқеъ мақомҳои Нурсултон ба манзури контроли вазъияти дохилии кишвар ва пешгирӣ аз шароити номатлуби иҷтимоӣ бояд тадобири усулитареро дар дастури кор қарор диҳанд то зимни мумониат аз фурупошии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии ҷомеаи ин кишвар, монеи фаолияти ҷараёнҳои террористии ДИИШ ва ташкилоти мушобеҳи он дар Қазоқистон шаванд.

Барчасп