Март 28, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Таъсири суқути қимати нафт бар тавлидот ва вазъияти иқтисодии Туркманистон

Раиси ҷумҳури Туркманистон гуфт ; коҳиши қимати нафт бар тавлидот ва амалкарди молии давлати Туркманистон таъсир гузоштааст.

Ба нақл аз Форс, Қурбонқули Бердимуҳаммадов. раиси ҷумҳури Туркманистон дар нишасте бо масулини бахши нафт ва гази кишвараш мавзуи таъсири коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ бар ввзъияти иқтисоди Туркманистонро баррасӣ кард.

Бердимуҳаммад гуфт.ки ба далели вазъияти иқтисоди ҷаҳонӣ, қиматҳо дар бозорҳои нафт доиман дар ҳоли тағйир буда ва сабаб ба коҳиши масрафи нафт шудааст.

Вай бо ишора ба таъсири ин вазъият руи тавлидот ва амалкарди молии давлати Туркманистон, аз масулини марбута хост то дар ҷиҳати ҳифзи ҳаҷми тавлидоти нафт ва иҷроии таъаҳудоти барномаи барои соли 2020 иқдомоти лозим иттихоз кунанд.

Гувичгелдӣ Бойгелдиев раиси ширкати давлатии Туркман нафт дар гузориши худ ба он ишора кард,ки бовуҷуди буҳрони ҷаҳонӣ,таи се моҳи нахусти соли 2020 барномаи тавлиди мийоноти нафтии Туркманистон дар қиёс бо давраи мушобеҳи як соли пеш 9.7 дар сад афзоиш доштааст.

Вай ҳамчунин гуфт,ки ба манзури ироаи хадамоти ҳифории ду чоҳ дар майдони Гутурдипаи шимолӣ ва ҳифории чоҳи бо умқи 6.5 ҳазор метри дар Увзинадаи ҷанубӣ- 7 муноқисаи байналмиллалӣ эълон шудааст.