Март 28, 2020 19:43 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми намояндагони муасисаи таҳсилоти олии Самарқанд барои мубориза бо Корона

Намояндагони муасисаи таҳсилоти олии Самарқанд ( Sam Mi ) иқдоме бо номи Дастҳои муҳаббатомез иҷро карданд.

Ба нақл аз сомонаи Иниститути пизишкии Самарқанд давлати Узбакистон барои муқобила бо ҳамагирии Корона ва ҳифзи саломати шаҳрвандон иқдомҳои сахтгиронаеро иҷро меунад.

Ба ибтикори раиси Иниститути пизишкии давлати Самарқанд, кормандони бахши ҷавонон намояндагони Донишкадаҳо ва фаолони  Иттиҳодияи ҷавонон иқдомеро бо унвони Дастҳои муҳаббатомез баргузор карданд.

Дар бахше аз ин иқдом, намояндагони ин муасиса аз ҳудуди 70 хонаводаи ниёзманд ва шаҳрванди бесарпараст боздид карданд ва ба онҳо моск ва маҳлули зидди уфунӣ доданд.