Мубориза бо Корона меҳвари гуфту гӯйи раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркманистон
(last modified Sun, 29 Mar 2020 11:59:10 GMT )
Март 29, 2020 16:59 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо Корона меҳвари гуфту гӯйи раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Туркманистон

Раисони ҷумурии Узбакистон ва Туркманистон дар тамоси телефонӣ равишҳои муқобила бо шуюи Коронаро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, Шавкат Мирзоев раиси ҷумҳурии Узбакистон тайи як гуфту гуйи телефонӣ абоди ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла иқдомоти дар дасти анҷом дар кишварҳо барои пешгири аз шуюи вируси Коронаро барасӣ карданд.

Раисни ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон бар ҳамоҳангии Созмонҳо ва идороти марбутаи ду кишвар барои ирояи кумаки амалӣ ва кантроли мутақобили тавсиаи вазъияти эпидемеологӣ пеш аз ҳар чиз, дар манотиқи марзӣ таъкид карданд.

Мирзоев ва Бердимуҳаммадов ибрози итминон карданд, ки талошҳои муштарак барои фоиқ омадан ба тамоми душвориҳо ва таҳдидҳои мавҷуд кумак хоҳанд кард.