Март 29, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои башардӯтонаи Иморот ба Узбакистон

Имороти муттаҳидаи Арабӣ ба Ӯзбакистон ҳудуди 8 тон маҳмулаи кумакҳои башардӯстона ирсол кард.

Ба нақл аз Форс, ин кумакҳои башардӯстона шомили васоили пизишкӣ монанди дасткашҳои истирилии якбормасраф, либосҳои муҳофиз, москҳои филтирдор ва дигар васоили ҳифозатӣ ихтисос ёфта барои мубориза бо шуюи Корона аст.

Ин кумакҳои башардӯстона дар ихтиёри Вазорати беҳдошти Узбакистон қароор гирифт.

Вазорати беҳдошти Узбакистон низ қарор аст ин кумакҳоро ба муасисоти пизишкии маҳалӣ, ки шаҳрвандони вируси Корона дар онҷо дармон мешаванд, тавзеҳ кунад.

То кунун 104 нафар дар Узбакистон ба вируси Корона мубтало шудаанд.