Март 30, 2020 11:28 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки Сандуқи байналмиллалии пул ба Қирғизистон

Сандуқи байналмиллалии пул 120 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус ба Қирғизистон ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сандуқи байналмиллалии пул бо дархости 120 миллион долларии Қирғизистон бо ҳадафи мубориза бо коронавирус мувофиқат кард. Қирғизистон нахустин кишвари ҷаҳон аст, ки аз Сандуқи байналмиллалии пул барои мубориза бо коронавирус кӯмак дарёфт кардааст.

Ба далели шуюи коронавирус ду устони ҷанубӣ ва шаҳрҳои Бишкек ва Ош-и Қирғизистон ҳолати изтирорӣ эълом шуд.

Дар ин кишвар 44 мавриди коронавирус сабт шудааст, ки тамоми афроди мубтало ба вирус ба тозагӣ аз Арабистони саудӣ баргаштаанд.

 

Барчасп