Март 30, 2020 22:14 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди системаҳои кантроли нерӯгоҳҳои Туркманисон дар ширкати чопонӣ

Чопон бюарои Туркманистон системаҳои кантроли нерӯгоҳ тавлид мекунад

Ба нақл аз Форс, ширкати Ҷопонии Юкугава эълон кард, ки барои нерӯгоҳи турбини газии Заргари Туркманистон системаҳои кантрол ва таҷҳизоти майдонӣ таҳия хоҳад кард.

Таҳияи ин системаҳо аз сӯйи Холдинги Ренсоси Туркия, ки муҷирии пуружаи сохти нерӯгоҳи Турбинаи газии Заргар мебошад, супориш шудааст.

Ин нахустин пуружаи Юкугава дар робита ба таҳияи системаҳои кантроли нерӯгоҳ дар Туркманистон аст.

Нерӯгоҳи турбинаи газии Заргар бо зарфияти он 432 миговват дар минтақаи Чорҷу устони  Лабоб дар ҳоли сохт мебошад.

Дар иҷрои ин тарҳ ширкатҳои Сомитуму ва Митсубиши Ҳиточи повар системи Ҷопон ва ҳамчунин Холдинг Рувонсонси Туркия мушорикат доранд.

Қарор аст ин пуружа то моҳи сентиябри соли ҷори мелодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.