Апрел 02, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • 340 нафар мубтало ба коронавирус дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Вазорати ҳифозати саломатии Қазоқистон ҷадидтарин омори мубталоён ба коронавирусро 340 нафар эълон кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон  бар асоси ин иттилоия, ки рӯзи чоршанбе мунташир шуд, шумораи беҳбудёфтагон дар Қазоқистон 24 нафар ва теъдоди ҷонбохтагон ду нафар эълон шудааст.

Эъломи вазъияти изтирорӣ барои пешгирӣ аз шуюъи вируси корона дар Қазоқистон, боис шудааст шаҳрҳои Алмаота, Нурсултон, Чимкент, Қизил Орда, вилоятҳои Ак Молла, Ҷамбул, Алмаота дар карантина ба сар бибаранд.