Охирин ахбори корона аз Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i52288-Охирин_ахбори_корона_аз_Туркманистон
Давлати Туркманистон хатти телефони шабонарӯзӣ барои густариши иттилоот дар бораи вируси корона роҳандозӣ кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 02, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Охирин ахбори корона аз Туркманистон

Давлати Туркманистон хатти телефони шабонарӯзӣ барои густариши иттилоот дар бораи вируси корона роҳандозӣ кардааст.

Давлати Туркманистон эълом кард, аз тариқи ин хатти телефонӣ мақомоти вазорати беҳдошт ва санъати пизишкии Туркманистон ба мардуми ин кишвар иттилооти марбут ба ин бемориро густариш медиҳанд.

Бар асоси иттилооти ниҳодҳои давлатӣ токунун дар Туркманистон ҳеҷ мавриди ибтилои шаҳрвандон ба корона сабт нашудааст ва шаҳрвандон метавонанд дар тамоми бемористонҳои кишвар аз тестҳои ташхиси корона истифода кунанд. Давлати ин кишвар маҳдудиятҳои қобили таваҷҷуҳ барои тараддуди шаҳрвандон ва васоили нақлия байни устонҳоро вазъ кардааст.