Апрел 02, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории  50 миллион долларии Ҳинд дар бахши доруии Узбакистон

Як ширкати ҳиндӣ қасд дорад дар бахши доруии Узбакистон 50 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Ба гузориши Форс, давлати Узбакистон дар таърихи 30 марти соли ҷории милодӣ дар мавриди сохти ин корхонаи дорусозӣ мусаввабаеро содир кардааст.

Ин ширкати Ҳиндустони барномарезӣ мекунад барои иҷрои ин тарҳ тайи панҷ соли оянда, муодили 50 миллиондоллар сармоягузорӣ кунад, ки аз он 10 миллион доллар дар марҳалаи аввал дар солҳои 2020 ва 2021 ихтисос хоҳад шуд.

Барномарезӣ мешавад, дар ин корхона 30 қалам маводи доруӣ ва лавозими пизишкӣ тавлид шавад.

Мубодилоти бозаргони ду кишвар дар соли 2019 дар сатҳи 329 миллион 600 ҳазор доллар қарор гирифтааст.

Дар Узбакистон 161 ширкати муштарак бо сармояи сармоягузорони ҳиндӣ, аз ҷумла 22 ширкат бо саддарсад сармояи сармоягузорони ҳиндӣ дар заминаҳои тавлидӣ, фурӯши маводи доруӣ ва сармоягузорӣ фаъолият мекунанд. Илова бар ин 18 созмон ва ширкати ҳиндӣ дар Узбакистон ба сабт расидааст.