Апрел 03, 2020 20:30 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани пардохти маоши арзӣ дар Туркманистон

Пардохти маоши арзӣ дар Туркманистон мамнуъ шуд.

Ба гузориши “Форс”, сайти хабарии “Туркман-нюс” муддаӣ шуд, ки Бонки марказии Туркманистон ҳамаи муассисоти молии ин кишварро муваззаф кардааст, ки аз пардохти маош бо арз ё асъори хориҷӣ худдорӣ кунанд.

Бинобар ин дастур, аз аввали апрели соли ҷорӣ ҳамаи афроде, ки маошашон бо арзи хориҷӣ пардохт мешавад, аз ин пас муодили онро бо пули миллии Туркманистон дарёфт хоҳанд кард.

Ин ба он маъност, ки шахсе ки ба унвони мисол ҳазор доллар дарёфт мекард, акнун 3 ҳазору 500 манат дарёфт хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки қабл аз ин вай метавонист дар ивази ҳазор доллар дар бозори озод 20 ҳазор манат ба даст овард.

Тибқи навиштаи ин нашрия, дар бонкҳои ин кишвар ба мардум гуфтаанд, ки метавонанд маоши худ ба долларро ба корти арзии “Виза” мунтақил ва ҳангоми мусофират ба хориҷ аз кишвар аз он истифода кунанд.

Аммо ин амр ба ду далел ғайримумкин аст: аввалан ҳадди муҷози рӯзона барои бардошт ё истифода аз корт дар хориҷ аз кишвар камтар аз 50 доллар аст ва сониян ба далели шуюъи вируси круно сафар ба хориҷ мамнуъ шудааст.

Ин нашрия эҳтимол дода, ки илзомоти ҷадиди Бонки марказии Туркманистон ба далели камбуди фоҷеабори арзи хориҷӣ дар дасти давлат аст.