Баста шудани марзҳо ва мушкили тадфини коргарони муҳоҷири фавтшуда дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i52345-Баста_шудани_марзҳо_ва_мушкили_тадфини_коргарони_муҳоҷири_фавтшуда_дар_Русия
Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия аз мақомоти кишварҳои Осиёи миёна хост барои бозгардондан аҷсоди атбои фавтшудаи худ дар Русия иқдом кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 04, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани марзҳо ва мушкили тадфини коргарони муҳоҷири фавтшуда дар Русия

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия аз мақомоти кишварҳои Осиёи миёна хост барои бозгардондан аҷсоди атбои фавтшудаи худ дар Русия иқдом кунанд.

 Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири Осиёи марказӣ дар Русия гуфт : ба далели баста шудан марзҳои ин кишвар барои ҷулугирӣ аз шуюъи коронавирус бо 3 кишвар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон мақомоти ин кишварҳо бояд барои бозгардондан аҷсоди коргарони фавтшуда ба кишваршон иқдом кунанд. 
 
 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ, Каримҷон Ёров гуфт: дар се рӯзи охир аҷсоди шаш коргари муҳоҷири фавтшудаи тоҷикро дар сардхонаҳои Маскавро дидааст, ки ба далели лағви парвозҳо ва баста шудан марзҳои заминӣ имкони интиқоли аҷсоди онон ба Тоҷикистон нест. 
 
 Ӯ афзуд: ё бояд бастагони ин афрод бо дафни онон дар  Русия мувофиқат кунанд ва ё ин, ки мақомоти сиёсии се кишвар барои интиқоли аҷсоди коргарони муҳоҷири фавтшуда бо давлати Русия тавофуқ кунанд. 
 
 Каримҷон Ёров гуфт:бештари мавоқеъ бастагони коргарони муҳоҷири футшуда бо дафни онҳо дар Русия мухолифат мекунанд. 
 
 Каримҷон Ёров афзуд: дар ҳоли ҳозир дар Русия 10 миллион коргари муҳоҷири хориҷӣ кор мекунанд, ки бештари инҳо аз шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳастанд.