Апрел 04, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус дар Узбакистон

Вазорати беҳдошти Узбакистон аз афзоиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 241 нафар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, то имрӯз дар Узбакистон 25 нафар аз коронавирус беҳбуд ёфта ва 2 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Узбакистон, беш аз 100 ҳазор шаҳрванди ин кишвар низ дар карантин қарор доранд.

Аз 27 март истифода аз ниқоби тиббӣ дар Узбакистон дар муҳитҳои умумӣ иҷборӣ эълом ва аз мардум хоста шуд дар хонаҳо бимонанд.

 

Ҳамчунин аз рӯзи аввали апрел хуруҷи афроди болои 65 сол аз хона ба далели хатари ибтило ба коронавирус мамнӯъ шудааст.