Истифодаи Узбакистон аз таҷрибиёти Чин дар муқобила бо корона
Мақомоти пулиси Узбакистон дар ҷаласае бо намояндагони Вазорати амнияти умумии Чин дар бораи таҷрибиёти пулиси Чин дар мубориза бо густариши корона ройзанӣ карданд.
Ба гузориши ИРНА, намояндагони пулиси Чин дар ин ҷаласа ҷузъиёти тарҳи амалӣ дар Чин барои муқобила бо шуюи корона, бахусус тадобири иҷроии қарнтинаро бо мақомоти Узбакистон дар миён гузоштанд ва тавсияҳоеро барои иҷрои беҳтари қарантина дар ин кишвар ироа доданд.
Вазорати кишвари Узбакистон ду ҳафта пеш эълом кард, ки тамоми парвозҳои мусофирии байни 12 вилояти ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровардааст. Зимнан давлат хурӯҷи мардум аз хонаҳои худро ба ҷуз барои корҳои зарурӣ ё хариди дору ва ҳамчунин таҷаммӯи беш аз се нафарро мамнӯъ эълом кардааст, ки афрод бояд ду метр аз ҳам фосила дошта бошанд.
Шумори мубталоён ба корона дар Узбакистон то субҳи имрӯз, сешанбе, 472 нафар эълом шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Узбакистон эълом кард, ки ду тан аз атбои ин кишвар бар асари ибтило ба корона дар бемористоне дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ҷон бохтанд.