Апрел 08, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Маҷозӣ шудани идомаи таҳсил дар Қирғизистон ба далели корона

 Корона идомаи таҳсил дар Қирғизистонро низ маҷозӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати омӯзиш ва улуми Қирғизистон аз роҳандозии барномаҳои омӯзиш аз роҳи дур хабар дод.

Тибқи паёми расмии ин вазорат, бо таваҷҷуҳ ба таътил шудани мактабҳо ба далели густариши вируси корона, шогирдон метавонанд аз тариқи сайтҳои давлатӣ дарс бихонанд ва мӯҳтавои омӯзиш ба сурати видеоӣ омода шудааст.

Ҳамчунин барои бисёре аз шогирдони Қирғизистон, ба хусус дар устонҳое, ки дастрасӣ ба интернет надоранд, дарсҳо дар телевизионҳои давлатӣ пахш мешавад.

Вазорати омӯзиш ва улуми Қирғизистон ҳамчунин китобҳо, бозиҳо ва тестҳои маҷозӣ барои шогирдон омода кардааст.

Иртибот бо устодон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои мухталиф сурат хоҳад гирифт.

Донишҷӯён низ таклифҳои худро аз тариқи интернет мегиранд ва сомонаҳои мухталиф барои баргузории имтиҳонҳо омодасозӣ мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шумори афроди мубтало ба вирус эҳтимолан ин соли таҳсилӣ бо истифода аз интернет ва телевизион поён хоҳад ёфт ва кӯдакон ба мактабҳо дар моҳи сентябр бармегарданд.

Шумори мавориди корона дар Қирғизистон ба 270 нафар расидааст.

 

 

 

 

 

Барчасп