Апрел 12, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Мамнуъ шудани таҷаммӯи беш аз 200 нафар дар Туркманистон

Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафарро барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус мамнуъ эълом кард.

Ба нақл аз Аки-Пресс, Туркманистон таҷаммӯи беш аз 200 нафар, меҳмониҳое барои арусӣ ва азодориҳо ва ҷаласаҳои мухталифро барои пешгирӣ аз шуюи бемории корона мамнуъ эълом кард. Аз ҳафтаи гузашта то кунун беш аз 200 нафар наметавонанд барои ҷашнҳои хонаводагӣ монанди арӯсӣ , солгард ва ҷашнҳои таваллуд даъват шаванд ва бештар аз 6 нафар низ наметавонанд дар меҳмониҳо даври дастархон биншинанд.

Чунин маҳдудитҳое барои аввалин бор аст, ки дар ин кишвар иҷро шудааст.