Фавти 2 бемори мубтало ба корона дар Қазоқистон
Апрел 14, 2020 06:33 Asia/Dushanbe
Ду бемори мубтало ба корона дар Қазоқистон фавт карданд.
Ба нақл аз АКИpress, ин ду бемор дар 24 соати гузашта дар Қазоқистон фавт карданд.
Як бемор дар Нурсултон ва дигарӣ дар Шимкент фавт кард.
То кунун теъдоди фавтигон дар Қазоқистон 4 маврид дар минтақаи Акомуло, 2 нафар дар Нурсултон, 2 нафар дар Алмаато, 2 нафар дар Шимкент, 1 нафар дар минтақаи Қазоқистони шарқӣ, 1 нафар дар минтақаи Караганда, 1 нафар дар минтақаи Павлодар ва 1 маврид дар минтақаи Туркистон будааст.
Теъдоди кулли мавориди таъйидшудаи ибтило ба корона дар Қазоқистон 1091 нафар аст.