Апрел 15, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
  • Авҷ гирифтани корона то ду ҳафтаи оянда дар Қирғизистон

Корона то ду ҳафтаи оянда дар Қирғизистон авҷ мегирад.

Ба гузориши “Форс”, раисҷумҳури Қирғизистон бо ишора ба лузуми тамдиди қарантинаи умумӣ изҳор дошт, авҷи ковид – 19 дар Қирғизистон дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ аст.

Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дар парлумони ин кишвар бо ишора ба лузуми тамдиди қарантинаи умумӣ изҳор дошт, авҷи “ковид -19” дар Қирғизистон дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ аст.

Вай гуфт, ҳамонанди дигар кишварҳои ҷаҳон, мо дар ҳоли ҳозир имтиҳони бисёр душвореро тай мекунем.

Жеенбеков гуфт: “Вазъияти марбут ба корона нигаронкунанда аст ва шумори афроди мубтало ба вирус ва теъдоди шаҳрвандони даргузашта афзоиш меёбад, аммо ба далели фаъолияти пизишкон афроди беҳбудёфта низ дорем”.

Раисҷумҳур хотирнишон кард, тибқи пешбиниҳои коршиносон, дар ояндаи наздик мавориди ибтило ва теъдоди шаҳрвандони даргузашта афзоиш меёбад, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи дигар кишварҳо, метавон гуфт, ки коҳиши ин омор танҳо пас аз 35- 40 рӯзи қарантинаи умумӣ мумкин аст.

Ин мақом идома дод, ба гуфтаи коршиносон пик ё қуллаи бемории “ковид – 19” дар Қирғизистон дар авохири моҳи апрел сурат мегирад, бинобар ин кишварҳои минтақа ва шарикони Бишкек қарантинаи умумиро тамдид мекунанд.

 Жеенбеков гуфт: “Ман гузоришоти ситоди ҷилавгирӣ аз густариши корона, раиси парлумон, нахуствазир ва мақомоти дигари ниҳодҳои давлатиро баррасӣ кардам ва тамоми онон вазъи маҳдудиятҳо ва коҳиши тамос байнишаҳрвандонро гоми дурусте медонанд”.

 

 

Барчасп