Таъсири маҳдудиятҳои тиҷории кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё
Сарони 5 кишвари узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар нишасти видиоканфронсӣ бар зарурати маҳдудсохтани содироти ақломи муҳим ба кишварҳои ғайри узв барои муқобила бо шюи Карона таъкид карданд.
Ба нақл аз дафтари матбуотии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, дар ин нишаст Владимир Путин, Александр Лукашенко, Қасим Жомарт Тоқаев, Никалай Пашенян ва Саранбой Ҷинбеков сарони Русия, Беларусия, Қазоқистон, Арманистон, ва Қирғизистон дар мавриди эъмоли маҳдудият дар содироти колоҳои муҳим барои таъмини ниёзи дохилии ин Иттиҳодия мувофиқат карданд.
Аммо ин тасмим метавонад барои Тоҷикистон,ки воридкунандаи умдаи маҳсулот аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст паёмадҳои ногуворе дошта бошад зеро дар ҳоли ҳозир 90 дар сад сухт,бештари таҷҳизоти пизишкӣ ва колои санатии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.
Ҳамчунин ҳар сол ҳудуди 1 миллион тона орд ва гандум ва 60 дар сади гази табии мавриди ниёзи худравҳои газсузи Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. Гуруҳи пажуҳишии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар тозатарин таҳлил далели худдории Тоҷикистон барои узвият дар ин ниҳоди минтақаиро мутобиқат надоштани қавонини ҳуқуқӣ ва мушкилоти иқтисодии ин кишвар эълон карданд.
55 дар сад аз мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст.