Апрел 16, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши шадиди Қазоқистон ба чопи матлаб дар як расонаи чинӣ

Вазорати хориҷаи Қазоқистон бо эҳзори сафири Чин, маротиби нохурсандии худ аз интишори матлабе дар як Вебсойти чиниро эълон кард.

Ба нақл аз Форс, Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон бо эҳзори Жонг Шиёу сафири Чин маротиби эътирози худ нисбат ба чопи мақолае бо унвони Чаро Қазоқистон дар паи бозгашт ба Чин  аст  дар як Вебсойти чинӣ эълон кард.

Нурсултон интишори чунин матлаберо бо руҳи мушорикати роҳбурдии ҷомеъ миёни ду кишвар муғойир донист ва бо муҳтавои мушобеҳи ёддошти эътирозӣ низ ба  Вазорати умури хориҷаи Чин ирсол кард.

Вебсойт маҳали интишори матлаб,ки дар дохили Чин пуртарафдор аст дар 8 апрел матлаби худро бо номи Чаро Қазоқистон дар паи базгашт ба Чин аст мунташир кард,ки вокуниши Нурсултонро дар пай дошт.

Дар ин матлаб дар хусуси таърихи Хон  Ҷунгор суҳбат шудааст,ки дар қарни 17 то 18 и милодӣ ҳам бо қазоқҳо ва ҳам бо чинӣ ба шидат даргир буд.

 Бинобар назари нависанда, дар яке аз  мароҳил қазоқҳои мутаалиқ ба  Жуз кучак ва бахше аз қазоқҳои Жуз бузург ( қазоқҳо ба лиҳози таалуқи қабилаи ба Жуз кучак, мутавасит ва бузург тақсим мешаванд ) таҳти султаи Русия ва қаламрави Жуз мутавасит зери кантроли Хон Ҷунгор қарор гирифтанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст,ки бар асоси бархе тахминҳо, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 400 ҳазор нафар афроде ҳастанд,ки дорои асолати чинӣ буда ва дар иқтисоди ин кишвар нақши фаоле ийфо мекунад.