Талоши Туркманистон барои касби мақоми нозир дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i52764-Талоши_Туркманистон_барои_касби_мақоми_нозир_дар_Созмони_Тиҷорати_Ҷаҳонӣ
Вазорати умури хориҷаи Туркманистон нишасти комиссияи давлатӣ бо мавзуи пайвастани Ишқобод ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро баргузор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 17, 2020 17:55 Asia/Dushanbe
  • Талоши Туркманистон барои касби мақоми нозир дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон нишасти комиссияи давлатӣ бо мавзуи пайвастани Ишқобод ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳониро баргузор кард.

Дар ин ҷаласа мавзӯи тавсеаи равобити дуҷонибаи Туркманистон ва Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва барномаи ҳамкорӣ бо ин созмон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст мақомоти вазорати умури хориҷа, тиҷорат ва дигар ниҳодҳои давлатии муртабити Туркманистон ҳузур доштанд.

Аъзои ин комиссия гузориш дар бораи амалкарди худ дар соли 2019-ро қироат ва эълом карданд, давлати Туркманистон барои дарёфти вазъияти нозир дар ин созмон талош мекунад.

 Илова бар ин, ҳуззори барномаи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ заминаи ислоҳоти сиёсати тиҷорӣ- иқтисодии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Ин комиссияи давлатӣ дар таърихи 15 июли соли 2019 ба дастури Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон ташкил шуд.