Фазопаймои Союз дар Қазоқистон бар замин нишаст
Фазопаймои Союз МС-15 дар бозгашт аз истгоҳи фазоии байналмиллалӣ дар стопҳои Қазоқистон бар замин нишаст.
Ба нақл ИРНО, фазонавардони амрикоӣ ва рус аз истгоҳи байналмиллалии фазо бозгаштанд ва дар Қазоқистон рӯйи замин фуруд омаданд.
Фазопаймои Союз ҳомили Ҷесика Мир ва Андру Морган аз фазонавардони Созмони фазоии Амрико (НАСА) ва Олег Скрипочка фазонаварди рус, соати 11:16 бомдоди 17 апрел дар маркази Қазоқистон бо истифода аз чтар ба замин нишаст.
Вазъияти саломатии онҳо хуб гузориш шудааст. Ба гузориши Ассошиэйтед Пресс, ин се фазонавард ба хотири шуюи вируси корона бо эҳтиёти бисёр мавриди истиқбол қарор гирифтанд.
Морган як маъмурияти 272 рӯза ва ду фазонаварди дигар маъмуриятҳои 205 рӯза дар фазоро ба поён расонданд.
Ин афрод бо фазонавардони боқимонда дар истгоҳи фазоии ба номҳои Анатоли Иваншин ва Иван Вагнер ва ҳамчунин фазонаварди амрикоии дигар ба номи Кристофер Касиди дар соати 1:43 ба вақти Маскав худоҳофизӣ карданд ва сипас даричаи фазопайморо бастанд.
Дар соати 4:53 ба вақти Маскав, фазопаймои Союз аз истгоҳи байналмиллалӣ ҷудо шуд ва системи пешронаи ин фазопаймо дар соати 7:22 ба вақти Маскав барои тормозгирӣ равшан шуд. Фазопаймо шуруъ ба фуруд аз мадор кард ва каме баъдтар аз якдигар ҷудо шуданд. Пас аз ин иқдом чатри наҷоти аслӣ боз шуд.
Агарчи пеш аз ин фазонавардонро маъмулан ба чодари махсус мебаранд то ба шароити замин одат кунанд, аммо аз онҷое, ки шуюи бемории муҳлики корона ҳамчунон як мушкили ҷаҳонӣ аст, имдодгарон бо ниқоби тиббӣ ва дасткаш ин фазонавардонро берун кашиданд ва сипас пизишкон онҳоро фавран дар болгард муоина карданд.