Ҳамкории ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ ва ширкатҳои туркманистонӣ бо ироаи тарҳҳои нав
(last modified Sun, 19 Apr 2020 06:52:13 GMT )
Апрел 19, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ ва ширкатҳои туркманистонӣ бо ироаи тарҳҳои нав

Ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ тарҳҳои наверо барои ҳамкорӣ бо Туркманистон ироа медиҳанд.

Ба нақл Азоки-Пресс,  дар ҷаласаи Шӯрои тиҷорати Туркманистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд , чашмандози густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба баррасӣ шуд.   

Дар ин ҷаласа намояндагони ширкатҳои кореяӣ пешниҳодоти наверо барои ҳамкорӣ бо Туркманистон бо ҳадафи навсозӣ ва тақвияти технологияи маҷмӯаи сӯзишворӣ ва энержии худ ироа доданд.   

Муассисаи таҳқиқотии таҷҳизоти баҳрии Корея тақвияти ҳуқуқӣ барои ҳамкориро аз тариқи таҳияи ҳуҷҷатҳои нав пешниҳод дод ва хадамоти худро дар баргузории семинарҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёзи неруи баҳрии бозаргонии Туркманистон ироа дод.   

Дар ин ҷаласа намояндагони Иттиҳодияи тиҷорати байналмиллалии Корея чигунагии иҷрои муомилоти бархти худро муаррифӣ карданд, ки фурсатҳоеро барои фурӯши онлайни маҳсулот фароҳам мекунад.