Апрел 21, 2020 15:14 Asia/Dushanbe
  • 24 апрел рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Ӯзбекистон

Бар асоси эъломи Раиси умури мусулмонони Ӯзбекистон рӯзи ҷумъа 24 апрел дар ин кишвар рӯзи аввали моҳи Рамазон эълом шудааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз KunUz дар ин робита масубаеро Шавкат Мирзиёев, Раисҷумҳури Узбакистон имзо кард.

Ҳамон тавре, ки дар ин масуба зикр шудааст, имсол бо таваҷҷӯҳи вазъияти шуюи карона тамоми фаъолиятҳои марбут ба моҳи Рамазон бояд тибқи завобити беҳдоштии дақиқ иҷро шавад.

Мардум бояд дар хона ва дар канори хонавода бошанд ва тавсия шудааст, ки таваҷҷӯҳи вижае барои пуштибонии ҳамаҷониба аз афроди ниёзманд ва тақвияти фазои меҳрубонӣ ва эҳтироми мутақобил дар хонаводаҳо ва маҳалҳо бишавад.

 Инчунин тавсия дода мешавад, ки дар мавзӯи баланд бардоштани рӯҳияи маърифати динӣ суҳбатҳо ва лексияҳо онлайн баргузор карда шаванд.