Октябр 03, 2016 15:19 Asia/Dushanbe
  • Тараддуди васоили нақлия дар Иттиҳоди Авруосиё бо корти ҳушманд

Иҷрои тарҳи истифода аз кортҳои ҳушманди электронӣ барои васоили нақлия дар кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё оғоз шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Валерий Корешков, раиси бахши муқаррароти фаннии Иттиҳоди Авруосиё дар конфронси матбуотӣ эълом кард: Иҷрои ин тарҳ дар Комиссияи байни давлатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи июн дар Маскав баргузор шуд, ба тасвиб расид.

Ба гуфтаи Корешков, контроли корти электронии ҳушманди бозаргонӣ барои нақлу интиқоли мошин дар замонии кӯтоҳ ба тадвини чорчуби қонунӣ ниёз дошт, ки дар ин замина иҷрои тарҳи ҳушманди кортҳои электронӣ мавриди тайиди ҳамаи кишварҳои узв қарор гирифтааст .

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомили кишварҳои Русия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон ва Арманистон аст, ки тарофаҳо ва муқаррароти гумрукии яксоне дар марзҳои ин кишварҳо эъмол мешавад ва тараддуди коло, хадамот ва нерӯи инсонӣ миёни кишварҳои узв ба сурати озод аст.