Апрел 23, 2020 11:43 Asia/Dushanbe
  • Тадбирҳои кантролӣ ва беҳдоштӣ дар марказҳои Туркманистон

Давлати Туркманистон бо тағийр дар қонуни марзбонии кишвар мавориди беҳдоштӣ ва мубориза бо эпидемиалогия дар посгоҳҳои марзиро ташдид кард.

Ба гузориши радиои буруниарзии Садои Хуросон, бар асоси ин тағийрот дар тамоми посгоҳҳои марзии Туркманистон маводи зидиуфунӣ барои васоили нақлия ва рейлӣ насб ва тамоми наботот ва маҳсулоти наботӣ, зидиуфунӣ мешаванд.

Ҳадаф аз ворид кардани тағийрот ба қонуни мазкур пешгири аз эҳтимоли бурузи ҳаргуна шароите,ки метавонад хасороти густардае ба саломати шаҳрвандони ин кишвар ворид кунад аст.

Тамоми корҳои лозим тибқи моддаи нави қонуни марзи давлатӣ аз суи Вазоратхона ва ниҳодҳо бо дастури кабинаи вузарои Туркманистон иҷро мешавад.

Пеш аз ин ба дастури раиси ҷумҳури Туркманистон ба манзури баррасии тағийрот дар ин қонун дар сатҳи миллӣ пешнависи ислоҳия ва изофот ба қонуни асосӣ дар расонаҳои ин кишвар мунташир шуда буд.