Ифтитоҳи масҷиди марказии Ашқобод бо ҳузури Раиси Ҷумҳурии Туркманистон
(last modified Mon, 27 Apr 2020 13:39:19 GMT )
Апрел 27, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи масҷиди марказии Ашқобод бо ҳузури Раиси Ҷумҳурии Туркманистон

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон масҷиди марказии Ашқободро ифтитоҳ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Бердимуҳаммедов дар масҷиде, ки худ онро дар минтақаи "Порохот 7" Ашқобод ифтитоҳ кард, дар зиёфати ифторӣ бо ҳузури мақомот, руҳониён ва ришсафедони кишвар ширкат ва бо онҳо дар бораи мавзӯҳои мухталифи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Вай қабл аз баргузории маросими ифторӣ дар масҷиди марказии пойтахт суханронӣ ва баъд аз ифторӣ аз абхшҳои мухталифи масҷид боздид кард, сипас имои ҷамоати масҷид ҳам гуфт:"Иртиқои гулдастаҳои масҷиди бузурги пойтахт 63 метр баробари соли умри Пайғамбари Акрам (с), баландии гунбади аслии он низ 40 метр баробари соли беъсати Паёмбар (с) ва баландии гунбадҳои кучаки он 23 метр баробар бо муддати паёмбарии он Ҳазрат аст."