Коҳиши маҳдудияти тарадуди худравҳо дар Узбакистон
(last modified Thu, 30 Apr 2020 07:36:05 GMT )
Апрел 30, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳдудияти тарадуди худравҳо дар Узбакистон

Тарадуди худравҳо дар Узбакистон дар соати муаяне муҷоз шуд.

Ба нақл аз ИСНО, бо таваҷуҳ ба раванди коҳиши мубталоён ба Корона дар Узбакистон,ба тадриҷ маҳдудиятҳои истифода аз васоили нақлияи шахсӣ коҳиш ёфт.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон гуфт ; шаҳрвандон аз соати  7 то 10 ва аз 17 то 20 метавонанд бо худрав дар шаҳрҳо тарадуд кунанд.

Истифода аз васоили нақлияи шахсӣ дар марҳалаи аввал ин тарҳ фақат барои коркунони муасисоти пизишкӣ ва барои хариди колоҳои масрафӣ, доруҳо ва васоили пизишкӣ муҷоз аст.

шаҳрвандоне ,ки муҷавизҳои вижа ( барчасп ) доранд ва хадамоти ироа медиҳанд ҳам метавонанд бе маҳдудият аз васоили нақлияи худ истифода кунанд.