Оғози фаъолияти новгони таксиронӣ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53251-Оғози_фаъолияти_новгони_таксиронӣ_дар_Узбакистон
Давлати Узбакистон ба новгони таксиронии ин кишвар дар муддати маҳдуд иҷозаи фаъолият дод.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Май 02, 2020 09:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози фаъолияти новгони таксиронӣ дар Узбакистон

Давлати Узбакистон ба новгони таксиронии ин кишвар дар муддати маҳдуд иҷозаи фаъолият дод.

Ба нақл аз Форс, мақомоти Узбакистон ба ронандагони таксиҳо аз соати 7 то 10 ва 17 то 20 иҷозаи фаъолият доданд ва ронандагони таксиҳо фақат метавонанд ба муассисоти пизишкӣ, дорухонаҳо, фурӯшгоҳҳо ва бозорҳо рафту омад кунанд.

Ронандагони таксӣ дар мавқеи тараддуд бояд мадорики ҳуввиятии худро ҳамроҳ дошта бошанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин шаҳрвандони ин кишвар низ аз соати 7 то 10 ва 17 то 20 метавонанд аз мошинҳои шахсии худ истифода кунанд.