Май 04, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Кумаки мусулмонони Маскав ба 500 хонавода аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ

Мудири Фонди хайрияи исломӣ ба номи Закот дар Маскав аз кумаки ғизоӣ ба 500 хонаводаи коргарони муҳоҷири тоҷик, узбак ва қирғиз дар пойтахти Русия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи РИА Новости, Рафиқ Исмоилов гуфтааст, ки дар пайи густариши коронавирус тамомии марокизи саноатӣ, тиҷорӣ ва бахши сохту сози Русия, ки аксари коргарони тоҷик, узбак ва қирғиз дар онҳо фаолият мекарданд таътил шуда ва ин афрод ва хонаводаҳояшон ниёз ба ҳимоят доранд.

Ба гуфтаи Исмоилов, Фонди хайрияи исломӣ ба номи Закот бо шиносоии ин афрод ахиран ба 500 хонаводаи онон кумакҳои ғизоӣ тақдим кард, ки ин кор дар моҳи мубораки Рамазон идома хоҳад дошт.

Вай таъкид кардааст, ки бо ҳамкории Идораи муфтиёти шаҳри Маскав ва созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ хонаводаҳои осебпазир ва ниёзманд ба кумакҳои ғизоӣ шиносоӣ шудаанд, ки ба онон бастаҳои маводди ғизоӣ расонда хоҳад шуд.

 

Барчасп