Май 04, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Олудагии ҳазорон нафар бар асари тахриби бузургтарин садди Ӯзбакистон

Бо шикаста шудани садди минтақаи Сардоба бузургтарин садди Ӯзбакистон бар асари ҳаҷми зиёди об, ҳудуди 100 ҳазор нафар аз сокинони минтақа овора шудаанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, садди Сардоба бузургтарин садди Ӯзбакистон, дар ғарби ин кишвар воқеъ шудааст, ки субҳи рӯзи ҷумъа бар асари фишорҳои беш аз андозаи оби пушти садд, шикаст ва ҳазорон хона дар рустоҳо ва шаҳрҳои атроф ба зери об рафтанд ва 50 нафар низ масдум ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Бо қарор гирифтани садди Сардоба наздики марзи Ӯзбакистон ва Қазоқистон шуморе аз рустоҳои марзии Қазоқистон низ дучори осеб шуданд.Тибқи эъломи Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон 10 русто дар марзи Ӯзбакистон зери об рафта ва ҳудуди 22 ҳазор нафар маҷбур ба тахлияи хонаҳои худ шуданд.