Май 05, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Номаи Шайхул-исломи Қафқоз ба Трамп барои лағви таҳримҳои Эрон

Раиси идораи мусулмонони Қафқоз дар номае ба Раиси Ҷумҳурии Америка лағви таҳримҳои ин кишвар алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбе идораи мусулмонони Қафқоз, шайхул-ислом Аллоҳ Шакури Пошозода дар ин нома навиштааст: «китобҳои илоҳии шомили Таврот, Инҷил ва Қуръон ҳама инсонҳоро сарфи назар аз эътиқодот динии онҳо ба шафақат, раҳмат ва инсоният даъват мекунад ва дар шароит сахте, ки ҷомеаи башарӣ барои муқобила бо балои корона талош мекунад, ҳамбастагии инсонӣ ва башардӯсти беш аз ҳар замон аз аҳамият бархурдор мебошад.» 
 
 Раиси идораи мусулмонони Қафқоз дар номаи худ бо ишора ба ранҷ бурдани мардуми Эрон аз таҳримҳо дар шароити густариши вируси корона дар ҷаҳон аз Трамп хостааст, ки ба хотири инсоният ва ҳамбастагии инсонӣ, таҳримҳо алайҳи мардуми Эронро бардорад ва дар давра ҳамагирии корона, барои рафъи ҳамаи мамнуиятҳо ва маҳдудиятҳо ва поён додан ба фишор алайҳи мардуми Эрон иқдом кунад. 
 Шайхул-ислом  Аллоҳ Шакури Пошозода ибрози умедворӣ кард, ки Раиси Ҷумҳурии Америка ба муносибати идҳои пасаҳ ва пок ва низ моҳи мубораки Рамазон ба дархости вай посухи мусбат дода ва таҳримҳоро лағв кунад.

Барчасп