Таҳрим алайҳи таҳрим; як посухи чинӣ ба ихлолгарии Амрико
(last modified Sat, 04 Jan 2025 11:39:39 GMT )
Январ 04, 2025 16:39 Asia/Dushanbe
  • Таҳрим алайҳи таҳрим; як посухи чинӣ ба ихлолгарии Амрико

Порс тудей-Вазорати бозаргонии Чин дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико алайҳи ширкатҳои чинӣ эълом кард, ки содирот ба даҳҳо ширкати амрикоиро мамнуъ кардааст.

 Вазорати бозаргонии Чин дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико зидди ширкатҳои чинӣ, 28 ширкати амрикоиро ба феҳристи контроли содирот барои "ҳифозат аз амният ва манофеъи милли"и худ изофа кард. Ба гузориши Порс тудей, илова бар ин Чин содироти колоҳои думанзура ба ширкатҳои ёдшударо низ мамнуъ кардааст.

 Чин дар ҳоле дар амал нишон медиҳад, ки тавоноии муқобила ба мисл дар баробари фишорҳои иқтисодии ва фановарии Амрикоро дорад, ки Доналд Трамп-раисҷумҳури мунтахаби Амрико таҳдид кардааст таърифаҳои сангинеро бар колоҳои воридотӣ аз Чин ва чанд кишвари дигар ҷорӣ хоҳад кард.

 Агарчи Трамп афзоиши таърифаҳо ва сахтгирӣ дар ҳамкориҳои фановарӣ бо Чинро ҳифозат аз бунгоҳҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва саноъатии Амрико эълом мекунад, аммо равшан аст, ки Амрико нигарони аз даст додани гегемонияи ҷаҳонии худ бо афзоиши қудрати тиҷорӣ ва иқтисодии чин аст.

Дар воқеъ ҳадафи Вашингтон аз байн бурдан ва ё тазъифи қудрати меҳвари Шарқ ва Ҷануби ҷаҳонӣ аст, ки се қудрати ин меҳвар, яъне Эрон, Русия ва Чинро ҳадаф қарор додааст.

 Ташдиди ҷанг ва нооромӣ дар ғарби Осиё, дамидан дар оташи ҷанги Украина ва ташдиди ҷанги тиҷорӣ бо Чин аз ҷумлаи роҳкорҳо ва калидвожаҳои муқобилаи Амрико бо қудратёбии Ҷануби ҷаҳонӣ аст, ки дар паймони БРИКС мутамаркиз аст.

Ду меҳвари дигари қудрати Ҷануби ҷаҳонӣ, яъне Эрон ва Русия низ муваффақ ба беасарсозии бисёре аз тавтеаҳои Кохи сафед ва фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятии он дар ғарби Осиё ва Украина шудаанд.

 Бинобарин яке аз муҳиммтарин маъмуриятҳои Трамп дар Кохи сафед, ворид кардани зарбаҳои ҳамаҷониба ба Пекин аст, то ба истилоҳ як ҳошияи амниятиро барои Амрико дар баробари пешрафтҳои рӯзафзуни иқтисодӣ ва тиҷории Чин барои худ эҷод кунад, аммо бо таваҷҷуҳ ба убури фановарӣ аз марзҳои инҳисори қудратҳои ғарбӣ ва афзоиши бозорҳои ҷаззоби ҷаҳонӣ, бо мушкил метавон тасаввур кард Амрико битавонад бо фишорҳои таърифаӣ Чинро дар марзҳояш маҳдуд кунад.