Октябр 04, 2016 10:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Русия ба Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Русия барои ширкат дар сенздаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои Қазоқистон ва Русия, вориди Остона шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", Владимир Путин бомдоди имрӯз, сешанбе ба манзури ширкат дар сенздаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои Қазоқистону Русия, вориди Остона шуд.

Владимир Путин сараввал бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидору гуфтугӯ мекунад.

Сенздаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои байниминтақаии Қазоқистону Русия рӯзи душанбе (3 октябр) бо ҳузури намояндагони ширкатҳои бузурги қазоқиву русӣ, аз ҷумла "Форбс" ва "Глобал 2000" дар кохи Истиқлоли шаҳри Остона оғоз ба кор кард.

Дар поёни ин ҳамоиш имзои беш аз 30 тавофуқномаи муҳими иқтисодӣ дар заминаи саноеи ғизоӣ, кимиёӣ, метолургӣ, навоварӣ, муҳандисӣ, дорусозӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ барномарезӣ шудааст.