Корона дар Қазоқистон, шумори мубталоён 4298 нафар
Май 06, 2020 13:40 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Қазоқистон теъдоди афроди мубтало ба корона дар ин кишварро 4298 нафар эълом кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросон,теъдоди мубталоён ба корона дар марзҳои Қазоқистон афзоиш ёфт.
Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард: Шумори мубталоён ба вируси корона то соати 12:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба 4 ҳазору 298 нафар расидааст.
Бино барин гузориш, аз рӯзҳои аввали шиносоӣ ва сабти аввалин мавориди ибтило ба вируси корона дар Қазоқистон то ба имрӯз 1299 тан беҳбуд ёфта ва 29 нафари дигар фавт карданд.