Таъкиди руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар густариши равобити дуҷониба
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53463-Таъкиди_руасои_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_ва_Озарбойҷон_бар_густариши_равобити_дуҷониба
Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар гуфтугӯи телефонӣ? бар густариш ва тақвияти таомулоти тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 09, 2020 08:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар густариши равобити дуҷониба

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар гуфтугӯи телефонӣ? бар густариш ва тақвияти таомулоти тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду кишвар таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин гуфтугӯи телефонӣ фаъолияти комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодиро барои тарвиҷи ҳамкорӣ ва тавсиаи бештар ба нафъи мардуми ду кишвар донистанд.

Руасои Ҷумҳурии Тоҷикиситон ва Озарбойҷон дар ин тамоси телефонӣ авзои феълии беҳдоштии ҷаҳонро баррасӣ ва дар мавриди вазъияти мавҷуд дар марзҳои ду кишвар дар иртибот бо коронавирус гуфтугӯ карданд.