Май 11, 2020 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми мардуми Қазоқистон пас аз қарантина ба шаҳри Алма-Ато

Пас аз эъломи поёни муддати қарнтина дар Қазоқистон сокинони атрофи шаҳри «Алма-ато» дар талош барои вуруд ба ин шаҳр трофики якчанд километрӣ эҷод карданд.

Ба гузориши радиои  Садои Хуросон, пас аз эъломи поёнмуддати қарантина дар Қазоқистон; Субҳ имрӯз сокинон атрофи шаҳри «Алмаато» дар талош барои вуруд ба ин шаҳр трофики якчанд километрииро эҷод карданд ва ҳамин амр мӯҷиби ошуфтагӣ ва бурузи мушкилот барои даҳҳо ҳазор тан аз шаҳрвандон шуд. 
 
 Шаҳрдори Алмаато дар пайи ҳуҷуми мардум ба гузаргоҳҳои вурудӣ эълом кард, агарчи имрӯз замони  вазъияти фавқулодда дар Қазоқистон ба поён расида,  аммо режими қарантина дар ин шаҳр ҳифз ва фаъолияти гузаргоҳҳои ҷодаи атрофи Алмаато монанди қабл фаъолият мекунанд. 
 
 Бо дастури Раисҷумҳури Қазоқистон аз 16 марти соли ҷорӣ дар саросари ин кишвар вазъияти фавқулодда барои як моҳ эълом шуда буд аммо баъдан  то 11 май тамдид шуд.