Май 12, 2020 10:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қиғизистон

Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон бо ибтилои ҳафтод (70) тани дигар ба коронавирус дар ин кишвар маҷмуи мубталоён ба ин вирус ба ду ҳазору пансаду ҳаштоду панҷ (2589) тан афзоиш ёфт.

Ин марказ шумори ҷонбохтагонро сию ду (32) тан ва беҳбудёфтагонро як ҳазору шашсаду ҳаштод (1680) тан эълом кард.

Аз Қирғизистон ҳам хабар мерасад, бо рафъи маҳдудиятҳои марбут ба фаолияти иқтисодӣ дар Қирғизистон мизони рӯзонаи ибтило ба коронавирус  афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори Вазорати тандурустии Қирғизистон, шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба панҷ ҳазору навад (5,090) тан, ҷонбохтагон сию як (31) ва беҳбудёфтагон ба як ҳазору нуҳсаду чиҳилу як (1941) тан расидааст.