Май 13, 2020 09:02 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон як гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистонро мебандад

Муовини нахуствазири Қирғизистон ва масули ҳайати музокироти марзӣ бо Тоҷикистон эълом кард ,ки Бишкек яке аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро мебандад.

Ба нақл аз сомонаи  kyrtag.kg  , Акбар муҳаммадумаров гуфтааст,ки дар паи густариши вируси корона, таи чанд рӯзи оянда гузаргоҳи марзии Қирғоч миёни ноҳияҳои Ботканд ва Исфара баста хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст ,ки ин иқдом навъе фишор ба Тоҷикистон ба манзури сурат бахшидан ба раванди музокироти марзӣ бо Қирғизистон барои ниҳоӣ кардани тавофуқи аломатгузории марзи муштарак ба ҳисоб меояд.

Вилояти Суғди Тоҷикистон аз Қирғизистон сухт, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ ворид мекунад.

Дар паи вуқуи низоъ миёни сокинони ноҳияҳои марзии Ботканди Қирғизистон ва Исфараи Тоҷикистон дар рӯзи ҳаштуми моҳи май Вазоратҳои умури хориҷаи ду кишвар бо эҳзори сафирони худ дар Бишкек ва Душанбе маротиби эътирози хешро ба ин даргири эълом карданд.

Гуфта мешавад,ки дар ин даргири ,ки бо истифодаи марзбонони ду кишвар аз силоҳи ҳамроҳ буд, ду тоҷик ва чор қирғиз захмӣ шудаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 978 километр марзи муштарак ҳастанд ,ки ҳудуди 520 километри аз он таъйин ва аломатгузори шудааст.